Май 09, 2017 19:14 Asia/Dushanbe
  • Маскав бурида шудани сар афсарашро такзиб кард

Вазорати дифои Русия ахбори марбут ба бурида шудани сари як афсари русро дар Сурия такзиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, «тамоми низомиёни нерӯҳои ҳавоии Русия дар Сурия зинда, саломату комил ҳастанд ва ба анҷоми вазоифи худ дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ мепардозанд”. Ин баёния иқдомоти "бархе расонаҳои хос-"ро, ки иттилооти ғалат мунташир карда, аз ҷиноятҳои гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ нақл мекунанд, маҳкум кардааст.

Гурӯҳи террористии ДИИШ имрӯз навореро мунташир карда буд, ки дар он дида мешуд, як афсари иттилоотии рус дар Сурия сар бурида мешавад. Ба навиштаи хабаргузории “Рейтерз”, ин навори 12-дақиқаӣ бо забони русӣ ва дар солрузи пирӯзии Русия бар Олмон нозӣ дар соли 1945 мунташир шуд. Дар ин навор як ҷаллоди ДИИШ пеш аз буридани сари марде, ки ӯро афсари рус муаррифӣ мекунад аз афсарони Русия дар Сурия мехоҳад, таслим шаванд.

 

Барчасп