Барномаи Маскав барои коҳиши шумори дипломатҳои амрикоӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17040-Барномаи_Маскав_барои_коҳиши_шумори_дипломатҳои_амрикоӣ_дар_Русия
Маскав қасд дорад, шумори дипломатҳои амрикоиро дар Русия коҳиш диҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 11, 2017 18:27 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Маскав барои коҳиши шумори дипломатҳои амрикоӣ дар Русия

Маскав қасд дорад, шумори дипломатҳои амрикоиро дар Русия коҳиш диҳад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, коҳиши шумори дипломатҳои амрикоӣ дар Русия пас аз дидори рӯзи чаҳоршанбеи Сергей Лавров -вазири умури хориҷаи Русия бо Доналд Трамп-раисиҷумҳурӣ ва Рекс Тилеррсон-вазири умури хориҷаи Амрико дар Вашингтон, эълом шуд.

Ба гуфтаи як мақоми дипломатии Русия, шумори дипломатҳои амрикоӣ дар Русия, вокунише ба худдории давлати Амрико аз лағви дастури раисиҷумҳури пешини ин кишвар, дар бораи ду маҷмӯаи дипломатии Русия аст.

Барак Обама-раисиҷумҳури пешини Амрико, дар рӯзҳои поёнии раёсатҷумҳурии худ, 35 нафар аз коркунони марокизи дипломатии Русия дар Вашингтон ва Сан-Франсискоро дар вокуниш ба ончӣ, ки дахолати русҳо дар интихоботи Амрико хонд, ихроҷ кард ва ду бинои мутааллиқ ба Русияро дар ҳоле, ки дорои масунияти (дахлнопазирии) дипломатӣ буд, тавқиф намуд.