Коршиноси рус: Чин метавонад Эрон ва Тоҷикистонро ба ҳам муттасил кунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17142-Коршиноси_рус_Чин_метавонад_Эрон_ва_Тоҷикистонро_ба_ҳам_муттасил_кунад
Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки кишвари Чин бо иҷроӣ кардани тарҳҳои зербиноӣ ва ҳамлу нақли хеш метавонад, заминаи иттисоли шабакаҳои роҳи оҳан ва заминии Эрон ва Тоҷикистонро фароҳам созад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 14, 2017 08:27 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Чин метавонад Эрон ва Тоҷикистонро ба ҳам муттасил кунад

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки кишвари Чин бо иҷроӣ кардани тарҳҳои зербиноӣ ва ҳамлу нақли хеш метавонад, заминаи иттисоли шабакаҳои роҳи оҳан ва заминии Эрон ва Тоҷикистонро фароҳам созад.

Ба гузориши Спутник, Антон Евстратов бо ишора ба оғози ҳамоиши байналамилалии «Як камарбанд - як ҷода», дар Пекин, гуфтааст, ки дар сурати иҷроӣ шудани тарҳҳои ҳамлу нақли мавриди назари Чин дар ин масир, Тоҷикистон ҳалқаи муҳимми иттисодии ин кишвар бо Эрон хоҳад буд. Зеро Тоҷикистон ва Эрон дорои муштаракоти зиёди забонӣ, динӣ ва фарҳангӣ мебошанд ва барои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории ин ду кишвар, иҷроӣ кардани тарҳ мавсум ба “Роҳи абрешим роҳи воҳид”мавриди назари Чин, аз аҳамияти фаровоне бархӯрдор мебошад. Аз дидгоҳи ин коршиноси рус, омили таъсирзгузор дар равобити феълии Тоҷикистон ва Эрон ворид шудани Арабистони Саудӣ барои коҳиши ҳамкориҳои ин ду кишвари форсизабон ба ҳисоб меояд, ки мӯҷиби сардии муносиботи Душанбе ва Теҳрон шудааст.

Ҳамоиши дурӯзаи байналмилалии «Як камарбанд - як ҷода» дар Пекин, бо мушорикати коршиносон ва масъулини ҳамлу  нақли кишварҳои мухталиф ба манзури баҳсу табодули назар, дар бораи дӯрнамои иҷроӣ шудан ин тарҳ, ки мӯҷиби иттисоли масирҳои Осиё, Аврупо ва Африқо мегардад, рӯзҳои 14 ва 15 майи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.