Путин дунёро ба даст кашидан аз тундравӣ даъват кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17146-Путин_дунёро_ба_даст_кашидан_аз_тундравӣ_даъват_кард
Раиси ҷумҳури Русия дар нишасти «Як камарбанд, як ҷода» дар Пекин, гуфт, дунё бояд аз гуфтумони тундравӣ даст бикашад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 14, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Путин дунёро ба даст кашидан аз тундравӣ даъват кард

Раиси ҷумҳури Русия дар нишасти «Як камарбанд, як ҷода» дар Пекин, гуфт, дунё бояд аз гуфтумони тундравӣ даст бикашад.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Владимир Путин рӯзи якшанбе дар ифтитоҳияи ин нишаст, гуфт, «манотиқи даргири танишҳои қадимӣ дар бисёре аз сарзаминҳои Евразия вуҷуд дорад ва барои ҳалли ин мушкил пеш аз ҳар чиз бояд аз гуфтумони тундравӣ ва иттиҳомзании мутақобил, ки танҳо вазъиятро бадтар мекунад, даст кашид.»

Путин афзуд: «ба шакли куллӣ, бо мантиқ ва шеваҳои қадимӣ наметавон ҳеҷ як аз мушкилоти ҷадидро ҳал кард. Мо ниёз ба роҳкори ҷадид дорем».

Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин таъкид кард, ки бовар дорад Евразия метавонад, барои ҳаллу фасли масоили амниятӣ, тақвияти равобит, сомондеҳии иқтисод, хадамоти иҷтимоӣ ва ёфтани муҳаррикҳои тозае барои рушд, барномаи ҳадафманд тадвин кунад.

Ҳамоиши ду рӯзаи ҳамкории байналмилалии Роҳи Абрешим бо номи «Як камарбанд - як ҷода», рӯзи якшанбе бо ҳузури наздик ба якҳзору 200 нафар аз сарон, пажӯҳишгарон ва масъулони беш аз 100 кишвар, минтақа ва ҳамчунин намояндагони беш аз 60 созмони байналмилалӣ дар Пекин оғоз шуд.