Вокунишҳо ба озмоиши мушакии ҷадиди Кореяи Шимолӣ
(last modified Sun, 14 May 2017 10:50:06 GMT )
Май 14, 2017 15:50 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба озмоиши мушакии ҷадиди Кореяи Шимолӣ

Артиши Кореяи Ҷанубӣ рӯзи якшанбе эълом кард, Кореяи Шимолӣ як мушаки баллистики ҷадид дар минтақае дар шимоли ғарби Пхенян озмоиш кардааст.

Ба иттилои хабаргузории Ройтерс, ситоди муштараки артиши Кореяи Ҷанубӣ дар баёнияе таъкид кард, ин мушак дар соати 5:27 бомдод ба вақти маҳаллӣ аз Кусанг минтақае, ки Кореяи Шимолӣ дар феврал ҳам як мушаки миёнбурдро бо муваффақият озмоиш карда буд, шиллик шуд ва масири 700 километриро паймуд .

Мун Ҷае Ин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ билофосила бо ташкили як нишасти фаврии Шӯрои амнияти миллӣ, ин озмоиши мушакии Кореяи Шимолиро ба шиддат маҳкум кард .

Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон дар ҷамъи хабарнигорон мухолифати худро бо ин иқдоми Кореяи Шимолӣ иброз кард .

Фармондеҳии минтақаии нерӯҳои амрикоӣ низ гуфт, озмоиши мушакии рӯзи якшанбе таҳдиде барои Амрикои Шимолӣ маҳсуб намешавад ва мушаки озмоишшуда, як мушаки баллистики қоррапаймо набудааст .

Озмоиши мушакии ҷадиди Кореяи Шимолӣ бо нахустин рӯз аз нишасти ҷоддаи Абрешими ҷадид дар Пекин, пойтахти Чин ҳамзамон шудааст .

Ҳайъатҳое аз Кореяи Шимолӣ, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико дар ин нишаст ҳузур доранд .