Май 16, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳакерҳо ба кишварҳои Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва минтақаи Гонконг

Ҳакерҳо бо вируси боҷафзори WannaCry, ҳазорон роёнаро дар Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва минтақаи Гонконг ҳадаф қарор доданд.

Ба иттилои Ирно, беш аз 30 ҳазор созмону ширкат дар Чин садҳо ширкат дар минтақаи Гонконг ҳадафи ҳамалоти киберии боҷафзори WannaCry қарор гирифтаанд .

Ширкат “Си Ҷи Ви”-и Кореяи Ҷанубӣ низ, ки дар барномаҳои таблиғотӣ фаъол аст, эълом кард, даҳҳо намояндагии ин ширкат ҳадафи ҳамлаи ин вирус қарор гирифтааст .

Масъулони Кореяи Ҷанубӣ аз мардум ва руасои ширкатҳои ин кишвар хостаанд, тамомии тадобири амниятиро барои роёнаҳои худ дар назар бигиранд .

Фаъолияти боҷафзори WannaCry, ки аз рӯзи ҷумъа оғоз бакор кардааст, 126 ҳазор роёнаро дар 150 кишвар ҳадаф қарор дода ва дар бисёре аз кишварҳо мушкилофарин шудааст .

Ин боҷафзори хатарнок, виндовси файлҳои роёнаиро рамзгузорӣ карда ва аз афрод мехоҳад, барои боз шудани қуфли ин файлҳо 300 то 600 доллар пардохт кунанд .

 

Барчасп