Афзоиши таниш дар равобити Трамп ва расонаҳо
Май 16, 2017 13:54 Asia/Dushanbe
Доналд Трамп, чӣ дар замони таблиғоти интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва чӣ пас аз вуруд ба Кохи Сафед, ҳеҷ гоҳ бо хабарнигорону намояндагони расонаҳои хабарӣ робитаи хубе надошта ва акнун пешниҳоди қатъи робитаи сухангӯи Кохи Сафед бо расонаҳоро матраҳ кардааст. Ин пешниҳоди Доналд Трамп дар сурати иҷро хати поёнӣ бар нишастҳои хабарии 110-солаи Кохи Сафед аст.