Май 23, 2017 16:13 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Биритониё: Инфиҷори Манчестер ҳамлаи террористӣ аст

Нахуствазири Биритониё гуфт, пулиси ин кишвар инфиҷор дар шаҳри Манчестерро ҳамлаи террористӣ медонад.

Ба гузориши “Рейтерз”, Тереза Мэй, нахуствазири Биритониё бомдоди сешанбе иқдоми омилони инфиҷор дар варзишгоҳ, маҳалли баргузории кансерт дар Манчестерро, ки ҳудуди 22 кушта ва 50 захмӣ бар ҷой гузошт, маҳкум карда, онро ҳамлаи террористии ҳавлнок хонд. Ӯ гуфт, ҳукумат дар ҳоли кор барои мушаххас шудани ҷузъиёти комили инфиҷори Манчестр аст.

Варзишгоҳи сарпӯшидаи шаҳри Манчестер шаби душанбе, ҳангоми баргузории консерт шоҳиди инфиҷори ҳавлноку ваҳшатнок буд. Дар ҳамин ҳол, бархе манобеи хабарии англисӣ гузориш доданд, пас аз инфиҷор дар варзишгоҳи сарпӯшидаи шаҳри Манчестер пулиси Биритониё як бомби дигарро дар ин шаҳр хунсо кардааст. Ҳамчунин “Рейтерз” гузориш дод, масъулони амрикоӣ гумон мекунанд, инфиҷори Манчестер ношӣ аз як амалиёти интиҳорӣ будааст.

 

Барчасп