Дархост барои муоинаи равонии Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i1765-Дархост_барои_муоинаи_равонии_Трамп
Ҳазорон амрикоӣ хоҳони муъоинаи равонии номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 08, 2016 12:09 Asia/Dushanbe
  • Дархост барои муоинаи равонии Трамп

Ҳазорон амрикоӣ хоҳони муъоинаи равонии номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико шуданд.

Ба гузориши рӯзномаи Индепендент, Карен Басс-намояндаи демократи Конгресси Амрико бо эҷоди номаи интерентӣ дархости муъоинаи равонии Доналд Трампро матраҳ карда ва муътақид аст, ки Трамп ҳамаи аломатҳои бемории ихтилоли равонии "шахси худшифта"-ро дорад.

Карен Басс дар матлабе, ки дар интернет мунташир кард, навиштааст, бояд пизишкони ҳирфаӣ пешқадам шаванд ва тақозои озмоиши саломати равонии номзади раёсатҷумҳурии Ҳизби ҷумҳурихоҳро матраҳ кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки номаи Карен Басс, токунун ҳудуди 25 ҳазор имзои интернетӣ ҷамъ кардааст.

Дар ин номаи интернетӣ омадааст, ки Трамп барои Амрико хатарнок ва ихтилоли равонӣ ва нотавонии ӯ дар контроли эҳсосоташ, нигаронкунанда аст ва вазифаи меҳанпарастонаи мардум ин аст, ки масаълаи саломат ва саботи равонии Трампро матраҳ кунанд.