Ташдиди судури аҳкоми эъдом алайҳи мухолифон дар Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17842-Ташдиди_судури_аҳкоми_эъдом_алайҳи_мухолифон_дар_Арабистон
Додгоҳи олии режими Оли Сауд дар Риёз, пойтахти Арабистон барои 14 ҷавони минтақаи шианишини Қатиф, ҳукми эъдом содир кард.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Май 27, 2017 21:11 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди судури аҳкоми эъдом алайҳи мухолифон дар Арабистон

Додгоҳи олии режими Оли Сауд дар Риёз, пойтахти Арабистон барои 14 ҷавони минтақаи шианишини Қатиф, ҳукми эъдом содир кард.

Иттиҳоми ин афрод ширкат дар тазоҳурот дар соли 2011 будааст. Бар асоси ин гузориш, ин ҷавонон дар додгоҳи ҷиноии вижаи расидагӣ ба мавзуи терроризм, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонон абзоре дар дасти режими Оли Сауд аст, маҳкум шудаанд .

Ҳукумати Оли Сауд аз ҳудуди се соли пеш бо тасвиби қонуни мавсум ба "Мубориза бо терроризм", тахаллуфоти ҳуқуқи башарии худро ба баҳонаи мубориза бо терроризм афзоиш дода ва дарсадад аст, барои рафтори саркубгароёнаи худ алайҳи мардуми Арабистон тавҷеҳи қонунӣ эҷод кунад .

Мақомоти Саудӣ ҳамвора барои муқобила бо озодии баён дар ин кишвар аз истилоҳи терроризм истифода ва шаҳрвандонро ба муҷозотҳои сангин маҳкум мекунанд.

Манотиқи мухталифи Арабистон бавижа манотиқи шарқи ин кишвар аз ҷумла минтақаи Қатиф аз соли 2011 токунун дар эътироз ба беадолатӣ ва тавзеи ноодилонаи сарват, саҳнаи эътирози мардумӣ зидди Оли Сауд аст. Нерӯҳои амниятии режими Саудӣ ҳар аз гоҳе ба манотиқи мухталиф дар устони Алшарқия (шарқи Арабистон) юриш мебаранд ва зимни ҳамла ба манозили шаҳрвандон ва ба хоку хун кашидани онон, шуморе аз фаъолони сиёсиро низ боздошт мекунанд. Ин дар ҳолест, ки сиёсатҳои фирқагароёна ва чаповулгаронаи Оли Сауд ба сахттар шудани шароити зиндагии мардуми Арабистон бавижа аҳолии шианишини устони Алшарқияи Арабистон  анҷомидааст.

Фирқагароӣ, моҳияти низоми ҳукуматии Арабистони Саудӣ аст, зеро режими Оли Сауд ҳукумати худро бар бунёни фикрии ваҳҳобият бино кардааст, ки навъе тафаккури инҳирофӣ дар ҷаҳони ислом аст ва осебҳои бисёре низ бар мусулмонон ворид кардааст.

Дар ин чорчуб шиаёни арабистонӣ, ки дар ин кишвар дар ақаллият қарор доранд, аз назари ҳукумати Саудӣ мустаҳаққи ҳуқуқи баробар бо аксарияти ҷамъияти ин кишвар нестанд ва шаҳрванди дараҷаи ду маҳсуб мешаванд. Нақзи ҳуқуқи ин гурӯҳ аз шаҳрвандони арабистонӣ тавассути Оли Сауд багунаест, ки ҳатто бархе аз таҳлилгарон ва соҳибназарон аз ин шаҳрвандон ба номи “Мусулмонони фаромушшуда” ёд карданд. Дар ҳоле, ки шиаёни арабистонӣ бар ҳуввияти миллии худ таъкид доранд ва борҳо бо баргузории эътирозҳои мусолиматомез хостори ҳуқуқе баробар бо аксарияти ҷамъияти Арабистон шуданд.

Ҳукумати Оли Сауд, ки монанди ағлаби ҳуккоми араби ҷануби Халиҷи Форс, муҳимтарин дағдағаи худро ҳифзи қудрат медонад, бо густариши эътирозҳои мардумӣ дар Арабистон, ба муътаризон иттиҳомоти гуногуне аз ҷумла ҳимоят аз терроризм ворид кардааст. Пайрави ин роҳбурд, шумори зиёде аз муътаризон тавассути ҳукумати Оли Сауд боздошт шуда ва моҳҳову солҳо бидуни муҳокима дар зиндонҳо ба сар мебаранд ва ё бо аҳкоми сангин назири эъдом ва ё ҳабсҳои тӯлонимуддат аз ҷумла ҳабси абад мувоҷеҳ мешаванд.

Коршиносони ҳуқуқӣ бо ишора ба фиқдони адолат дар аҳкоми бепояву асоси содиршуда дар маҳокими Оли Сауд таъкид доранд, ки сохторҳои ин кишвар ки бар пояҳои ақоиди хушунатгарои ваҳҳобияти Оли Сауд идора мешавад низ ҳамонанди ташкилоти гурӯҳи террористии ДИИШ аст.

Аз ин рӯ, дастгоҳи қазоии Арабистон ба ҷои дар пеш гирифтани адолат, бидуни дар назар гирифтани мавозини шаръӣ ва қонунӣ, золимонатарин аҳкомро алайҳи онон содир мекунанд ва дар ин чорчуб эъдом осонтарин ва роиҷтарин ҳукмест, ки қозиҳои маҳокими Саудӣ онро қироат мекунанд .