Май 29, 2017 16:48 Asia/Dushanbe
  • Даъвати раисҷумҳури Филиппин аз ҷудоиталабон барои мубориза бо ДИИШ

Раисҷумҳури Филиппин аз гурӯҳҳои ҷудоиталаб ва шӯришиёни маоист дар ин кишвар хост, ба муборизаи давлат бо ансури вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайванданд.

Ба иттилои хабаргузории Ройтерс, дар ҳоле, ки фаъолияти ДИИШ дар Филиппин муҷиби нигаронӣ шудааст, Родриго Дютерте, раисҷумҳури ин кишвар гуфт: Дар сурате, ки ҷудоиталабон аз гурӯҳҳои мухталиф ба раванди мубориза бо ин душмани муштарак мулҳақ шаванд, аз онҳо истиқбол хоҳад шуд .

Дютерте зимни пешниҳоди ҳамкорӣ ба гурӯҳҳои ҷудои‌талаб, аз эътои тасҳилоти вижа ҳамчун маскан ба онҳо хабар дод .

Раисҷумҳури Филиппин хитоб ба ҷудоиталабон гуфт: Мо шуморо ба унвони нерӯ истихдом хоҳем кард ва аз ҳуқуқу мазоёи баробар баҳраманд хоҳед буд.

Хушунатҳо дар ҷануби Филиппин муҷиб шуд, Родриго Дютерте, раисҷумҳури н кишвар дар саросари бахшҳое аз ин минтақа ҳукумати низомӣ эъмол кунад, то ончиро, ки ба гуфтаи вай таҳдиди рӯ ба фузуни ифротгароёни муртабит бо гурӯҳи террористии ДИИШ аст, фуру биншонад

Садҳо тан аз сокинони ҷануби Филиппин дар паи даргирии нерӯҳои артиши ин кишвар бо аносури марбут бо гурӯҳи такфирии ДИИШ дар минтақаи Маравӣ, аз ин минтақа гурехтаанд.

Гурӯҳи террористии Майотта дар Филиппин вафодории худро ба гурӯҳи ДИИШ эълом ва аз шаш рӯзи пеш, ҷанг алайҳи нерӯҳои давлати ин кишварро оғоз кардааст .