Май 29, 2017 18:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамроҳони доимии раҳбари Кореяи Шимолӣ кистанд?

Рӯзномаи Дейли Мейли Англия се фардеро, ки ҳамвора пушти сари Ким Ҷунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ истодаанд, муаррифӣ кард.

Рӯзномаи Дейли Мейл навишт, Ри Бионг Чул, генерали собиқ, Ким Ҷунг Сик, донишманди атомӣ ва Ҷонг Чанг‌ҳо, раиси бахши таҳаввули силоҳи Кореяи Шимолӣ, се нафаре ҳастанд, ки ҳамвора ва ба хусус ҳангоми озмоишҳои мушакӣ, ки раҳбари ин кишвар шахсан бар он назорат дорад, дар атрофи ӯ дида мешаванд .

Бар асоси ин гузориш, Ким Ҷунг Ун эътимоди хосе ба генерали собиқ, Ри Бионг Чул дорад .

Коршиносон мегӯянд, Ким ва Ҷонг бар акси бисёре аз шахсиятҳои табақаи ҳоким бар Кореяи Шимолӣ, аз хонаводаҳои нухба нестанд .

Як масъули Кореяи Шимолӣ, ки дар соли 2011 даргузашт, пештар гуфта буд, ки Ким Ҷунг Ун насли ҷадиде аз муовинонро барои худ интихоб карда ва тарҷеҳ додааст, муовинони падарашро интихоб накунад .

 

Барчасп