Май 30, 2017 18:33 Asia/Dushanbe
  • Посухи ҷолиби вазири Қатар ба расонаҳои Саудӣ

Вазири умури хориҷии Қатар, ки кишвараш аз чанд рӯз пеш ба далели суханони амири ин кишвар дар ҳимоят аз Эрон ҳадафи ҳамлаи расонаҳои Саудӣ ва Аморот қарор гирифтааст, посухи ҷолибе ба расонаҳои ин ду кишвар дод.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Олам”, Муҳаммад ибни Абдураҳмон дар вокуниш ба ҳуҷуми расонаҳои Саудӣ ва Аморот алайҳи кишвараш ба баёни каломе аз ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб иктифо кард. Ӯ дар сафҳаи твиттерии худ ин каломи ҳазрати Алиро мунташир кард, ки фармуданд: «Ҳар захме дармоне дорад, аммо бадхулқӣ дармон надорад”.

Ҳафтаи гузашта ба дунболи баргузории иҷлоси арабӣ – исломӣ – амрикоӣ дар Риёз ба унвони мубориза бо терроризм Оҷонсии иттилоотии Қатар (QNА) матолибе дар робита ба амири ин кишвар бо мавзӯи ҳимоят аз Эрон, Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос мунташир кард. Ин матолиб бо вокуниши тунди расонаҳои Саудӣ ва бархе кишварҳои минтақа мувоҷеҳ шуд, ба тавре ки QNА пас аз чанд соат эълом кард, торнамояш ҳак шудааст, аммо кишварҳое чун Арабистон, Баҳрайн ва Аморот ин тавҷеҳро напазируфтанд ва ба интиқоди шадид аз Қатар идома доданд.

Тамоси телефонии рӯзи шанбеи амири Қатар бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва табрик ба ӯ ба муносибати пирӯзияш дар интихоботи ахир низ хашми саудиҳоро дучанд кард ва сабаб шуд, расонаҳои Арабистон бо шиддати бештаре ба Қатар ҳамла кунанд.