Май 31, 2017 18:45 Asia/Dushanbe
  • Толибон дахолат дар инфиҷори Кобулро рад кард

Толибон ҳаргуна иртибот бо ҳамлаи инфиҷории рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул, пойтахти Афғонистонро рад кард.

Ба иттилои Ирно, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангуи Толибон зимни маҳкум кардани ин ҳамла гуфт, нерӯҳои ин гурӯҳ дар инфиҷори террористӣ дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул дахолате надоштаанд .

Вай муддаӣ шуд, Толибон маконҳоеро, ки ғайринизомиён рафту омад мекунанд, ҳадаф қарор намедиҳанд.

Бар асари инфиҷори субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар наздикии сафорати Олмон ва дафтари амнияти миллии Афғонистон дар минтақаи дипломатинишини Кобул, дастикам 80 нафар ҷон бохтанд ва ҳудуди чаҳорсад нафари дигар низ захмӣ шуданд, ки ҳоли бисёре аз захмиҳо вахим гузориш шудааст .

Бисёре аз қурбониён ва маҷруҳони ин инфиҷор ғайринизомӣ ҳастанд .

Маводи мунфаҷира дар як танкери об ҷосозӣ шуда буд .

Ағлаби намояндагиҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои хориҷӣ дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул воқеъ шудааст .

Шишаҳои сафорат ва дафтари хабаргузории Садо ва Симои ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул низ бар асари ин инфиҷори маҳиб шикаст .

Ба сафоратхонаҳои Олмон, Фаронса ва Англия ҳам хисорати зиёде ворид шудааст .

 

Барчасп