Май 31, 2017 21:30 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъуляти инфиҷори Кобулро бар уҳда гирифт

Хабаргузории Синхуа гузориш дод, гурӯҳи террористии ДИИШ масъуляти инфиҷори рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи Вазир Акбархони Кобулро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин инфиҷор, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъуляти онро бар уҳда гирифтааст, наздики сафорати Олмону Амрико рух дод .

Пештар Толибон ҳаргуна иртибот бо ҳамлаи инфиҷории Кобул, пойтахти Афғонистонро рад карда буд .

Ба гуфтаи Фирӯзиддини Фирӯз, вазири беҳдошти Афғонистон бар асари инфиҷори рӯзи чаҳоршанбе токунун 90 нафар ҷон бохтанд ва 400 нафари дигар аз ҷумла ду корманди сафорати Ҷопон низ захмӣ шуданд ва ҳоли бисёре аз захмиҳо низ вахим аст .

Ҳадаф аз ин инфиҷор, дафтари амнияти миллии Афғонистон дар минтақаи дипломатинишини Кобул эълом шудааст .

Сафоратхонаҳои ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷопон, Ҳинд, Олмон, Фаронса ва Англия аз ин инфиҷор осеб диданд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ин ҷинояти зидди инсониро маҳкум карду онро кори душманони Афғонистон донист .

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ҳам ҳамлаи хунини субҳи имрӯзи Кобулро маҳкум ва бо давлату миллати Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард .

Вазирони умури хориҷаи Покистону Ҳинд ва сухангуи Вазорати умури хориҷаи Русия низ инфиҷори имрӯзи Кобулро маҳкум ва бо давлату миллати Афғонистон ибрози ҳамдардӣ карданд .

 

Барчасп