“Гардиан”: Бритониё ба дунболи сарпӯш ниҳодан ба ҳимояти молии Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ аст
(last modified 2017-06-02T12:03:27+00:00 )
Июн 02, 2017 17:03 Asia/Dushanbe
  • “Гардиан”: Бритониё ба дунболи сарпӯш ниҳодан ба ҳимояти молии Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ аст

Рӯзномаи “Гардиан”, чопи Лондон фош кард, Ҳукумати Бритониё ба дунболи сарпӯш ниҳодан ба ҳимояти молии Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ аст.

Рӯзномаи бритониёии “Гардиан” дар гузорише навишт, таҳқиқот дар бораи ҳимояти молии Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ ба дастури Дэвид Кэмерон, нахуствазири пешини Бритониё оғоз шуд ва ҳукумати вақт аз воҳиди мубориза бо терроризм хост, то дар бораи маншаи ҳимоятҳои молии хориҷӣ аз гурӯҳҳои террористӣ таҳқиқ кунад ва натиҷаи онро ба Тереза Мэй, нахуствазири ин кишвар ироа кунад. Дар ин гузориш омадааст, Вазорати умури дохилии Бритониё баъд аз моҳҳо таҳқиқ эълом кардааст, ин гузориш нотамом мондааст ва ба далели моҳияти маҳрамонааш мунташир нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи Тим Фаррон, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Бритониё, ҳукумат бояд ба тааҳҳудаш дар интишори гузориши ёдшуда амал кунад.

Вазорати умури дохилии Бритониё, ахиран, эълом кард, дар бораи гузориши ҳимояти молии Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ пас аз интихоботи парлумонии 8 июни соли 2017 тасмимгирӣ мешавад.

Ҳукумати Биритониё ҳамвора дар канори Амрико аз таъминкунандагони аслии силоҳ барои режими Оли Сауд будааст.