Июн 03, 2017 19:11 Asia/Dushanbe
  • 18 кушта бар асари инфиҷорҳои террористӣ дар атрофи шимоли шаҳри Кобул

Бар асари се инфиҷори террористӣ дар шимоли шаҳри Кобул (пойтахти Афғонистон), дастикам 18 нафар кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, асри имрӯз шанбе бар асари се инфиҷори террористӣ дар минтақаи “Сарои Шимолӣ”- и шаҳри Кобул- пойтахти Афғонистон, ҳаддиақал 18 нафар кушта ва шумори дигаре ҳам захмӣ шуданд. Ин инфиҷорҳо дар маросими хоксупории писари ноиби раиси Маҷлиси сенои Афғонистон ба вуқуъ пайваст.

Солим -писари ноиби раиси Маҷлиси сенои Афғонистон, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни даргирӣ бо неруҳои амниятии афғон, дар шаҳри Кобул ҷони худро аз даст дод.

Ҳанӯз фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳои террористиро бар уҳда нагирифтааст.

Бар асари инфиҷори рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи дипломатнишини Кобул, сад нафар кушта ва 500 нафар захмӣ шуданд.

Ниҳодҳои амниятии Афғонистон, ҳамлаи Кобулро ба гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ ва Созмони иттилооти артиши Покистон нисбат медиҳанд, аммо Исломобод ин иттиҳомро рад мекунад.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп