Июн 04, 2017 19:54 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таҳассун дар Кобул дар эътироз ба вазъияти амниятии ин шаҳр

Таҳассуни шаҳрвандони Кобул, пойтахти Афғонистон дар эътироз ба ноамнӣ имрӯз якшанбе вориди сеюмин рӯз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, таҳассункунандагони афғон имрӯз дар эътироз ба идомаи ноамнии шаҳри Кобул, эъдоми аъзои гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ аз ҷумла Унси Ҳаққонӣ, бародари саркардаи ин гурӯҳи такфириро хостор шуданд.

Таҳассункунандагон ҳамчунин бар истеъфои Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон таъкид карданд.

Шаҳри Кобул имрӯз дар сеюмин рӯз аз баргузории тазоҳурот ва таҳассуни густардаи мардум, вазъияти амниятӣ ба худ гирифта ва тамомии хиёбонҳои мунтаҳӣ ба маркази шаҳр ва минтақаи Вазир Акбархон масдуд аст .

Нерӯҳои вижаи полиси афғон бо танкҳои зиреҳӣ ва мошинҳои обпош дар хиёбонҳои Кобул мустақар шудаанд ва аз вуруди афроду мошинҳо ҷилавгирӣ мекунанд .

Мурод Алии Мурод, муовини амниятии вазири кишвари Афғонистон гуфт, омилони куштори мардум шиносоӣ ва муҷозот хоҳанд шуд.

Аз рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, инфиҷорҳои паёпаи манотиқи мухталифи шаҳри Кобул аз ҷумла минтақаи дипломатнишини ин шаҳрро ба ларза даровард, ки таи он ҳудуди 130 нафар аз ҷумла писари муовини раиси Маҷлиси Афғонистон кушта ва шашсад нафари дигар низ захмӣ шуданд. Шуморе кӯдак ва зан дар миёни қурбониён ва захмиҳо ҳастанд.

 

Барчасп