Июн 06, 2017 16:47 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Бидуни музокира бо Толибон сулҳ дар Афғонистон номумкин аст

Раисҷумҳури Афғонистон дар нишасти Кобул гуфт, бидуни нишастани Толибон пушти мизи гуфтугӯ расидан ба сулҳ дар ин кишвар имконпазир нахоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ имрӯз, сешанбе дар нишасти мавсум ба «Пружаи Кобул», ки бо ҳузури намояндагони беш аз 20 кишвару созмонҳои байналмилалӣ ифтитоҳ шуд, гуфт, агар Толибон ҳозир ба гуфтугӯ шаванд, дар ҳар кишваре, ки хоста бошанд, ҳатто дар Кобул фурсати гуфтугӯ бо онҳо фароҳам ва амнияти онон таъмин хоҳад шуд. Ашраф Ғанӣ дар айни ҳол ҳушдор дод, агар гурӯҳи Толибон ҳозир ба гуфтугӯ нашавад, Ҳукумати Афғонистон аз Созмони Милали Муттаҳид дархост мекунад, то таҳримҳои ҳамаҷонибае алайҳи ин гурӯҳ эъмол кунад. Раисҷумҳури Афғонистон таъкид кард, фурсати гуфтугӯ барои Толибон доимӣ нахоҳад буд ва агар онон аз гуфтугӯҳои сулҳ сарпечӣ кунанд, бо мардуми муттаҳид ва якпорчаи Афғонистон мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ашраф Ғанӣ аз кишварҳои минтақаву ҷаҳон, ки дар нишасти Кобул ҳузур ёфтаанд, хост, барои наҷоти Афғонистон аз шарри терроризм бо ин кишвар, ки дар сафи муқаддами мубориза бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад, ҳамкории муштарак дошта бошанд. Раисҷумҳури Афғонистон ҳамчунин гуфт, ҷангҳои бемаънӣ дар Сурия, Ироқ, Либия, Туркия ва Афғонистон ва ҳаводиси террористӣ дар Лондон, Брюссел ва Кобул нишон медиҳад, ки терроризм марз намешиносад.

Нишасти «Пружаи Кобул» имрӯз, сешанбе таҳти тадобири шадиди амниятӣ оғоз шудааст.

 

Барчасп