Июн 06, 2017 17:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Эрон

Вазири умури хориҷии пешини Амрико дар бораи роҳандозии таҳримҳои ҷадид зидди Эрон ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ҷон Керри шаби душанбе дар Сан-Франсиско гуфт, таҳримҳои ҷадид зидди Эрон ба эрониён ин паёмро ирсол мекунад, ки тавофуқи ҳастаии соли 2015 фоидае надорад.

Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико моҳи пеш бо 18 раъйи мувофиқ дар баробари се раъйи мухолиф ба тасвиби тарҳе раъй дод, ки ба раисҷумҳури Амрико иҷоза медиҳад, таҳримҳои ҷадид зидди Эрон вазъ кунад.

Вазири умури хориҷии пешини Амрико иброз умедворӣ кард, Трамп гӯши шунавоӣ барои шунидани интиқодҳо аз сиёсатҳои давлаташ дошта бошад.

Тарҳи таҳримҳои ҷадид зидди Эрон бо иддаои “фаъолиятҳои суботзудоии Эрон” фардо, чаҳоршанбе, ба Сенати Амрико меравад. Агарчи ҳомиёни тарҳи эъмоли таҳримҳои ҷадид зидди Эрон бо баҳонаи нақзи ҳуқуқи башар ва фаъолиятҳои террористӣ муддаӣ ҳастанд, ки ин тарҳ халале дар иҷрои тавофуқи ҳастаӣ эҷод намекунад, аммо бархе таҳлилгарон онро заминаи нақзи БАРҶОМ медонанд ва дар бораи паёмадҳои тасвиби он ҳушдор додаанд.

 

Барчасп