Июн 12, 2017 14:30 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии қотеи ҳизби Макрон дар интихоботи порлумонии Фаронса

Рӯзи якшанбе Фаронса шоҳиди баргузории интихоботи порлумонии сарнавиштсозе буд.

Пас аз баргузории интихобот, оморҳо баёнгари пирӯзии қотеи эътилофи аҳзоби “Ҷумҳурӣ ба пеш”, вобаста ба Эммануел Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса ва Мудем (Ҷумбиши демократӣ) бо касби 32.32 дарсади оро ва пас аз он Ҳизби рости миёнаи ҷумҳурихоҳон бо касби  21.56 дарсади оро аст. Ҳизби рости ифротии Ҷабҳаи миллӣ низ 13.2 дарсади ороро ба даст овард. Ҳизби чапи Фаронса ҳудуди 11 дарсад ва Ҳизби сотсиалисти Фаронса танҳо ҳудуди 8 дарсади ороро ба даст оварданд.

Омори мушорикат дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе қариб ба 49 дарсад эълом шуда, ки яке аз пойинтарин нархҳои мушорикат дар даҳаҳои гузашта аст. Эдвард Филипп, нахуствазири Фаронса эълом кард, раъйдиҳандагони фаронсавӣ ба сароҳат ҳимояти худро аз тарҳҳои Макрон эълом карданд. Бо ин ҳол пирӯзии эътилофи Ҳизби Ҷумҳурӣ ба Пеш ва Ҳизби Мудем боиси нигаронии аҳзоби бузурги суннатии Фаронса шудааст.

Дар воқеъ бузургтарин шикаст мутаваҷҷеҳи Ҳизби сотсиалист шудааст. Жон Кристоф Комбодлис, дабири аввали Ҳизби сотсиалисти Фаронса ба шикасти худ дар интихоботи порлумонии ин кишвар эътироф кард. Зимни ин ки Бенуо Омун, номзади сотсиалистҳо дар интихоботи пешини раёсати ҷумҳурии Фаронса низ дар интихоботи порлумонии ин кишвар шикасти хурд.

Дар воқеъ пирӯзии Макрон нишон дода, ки аҳзоби суннатии Фаронса, аз ҷумла Ҳизби сотсиалисти ин кишвар, ки аксарияти курсиҳои порлумони кунунии Фаронсаро дар даст доштанд, ба ҳошия ронда шудаанду нақши таъйинкунандаи пешини худро аз даст додаанд.

Дар ин росто Франсуа Боруйн, аз Ҳизби ҷумҳурихоҳони Фаронса бо ҳушдор дар бораи тамаркузи қудрат дар ихтиёри Макрон ва ҳизбаш тасреҳ кард, ки Фаронса ба тавозуни қувваҳо ва на тамаркузи қувво эҳтиёҷ дорад. Зимни ин ки бо тавваҷуҳ ба орои нисбатан пойини Ҳизби ростгарои ифротии Ҷабҳаи миллӣ, Марин Ле Пен,  раҳбари ин ҳизб ба шикасти худ дар интихоботи порлумонӣ эътироф карду дар айни ҳол аз раъйдиҳандагони фаронсавӣ хост барои муқобила бо пружаҳои Макрон якшанбеи оянда ҳузури густардае дар пойи сандуқҳои раъй дошта бошанд.

Дар ин замина Ҷаки Ножлон, коршиноси фаронсавӣ таъкид кард, ки мардуми Фаронса ба шиддат хостори тағйири бофти инсонии порлумон ва нав шудани он будаву ҳастанд. Зимни ин ки бисёре аз намояндагони кунунӣ низ бо тавваҷуҳ ба қонуни мамнуияти душӯъла будани намояндагон ногузир ба чашмпӯшӣ аз ширкати интихоботи порлумонии 11-уми июн будаанд. Ин қонун дар соли 2014 тасвиб шудаву барои аввалин боре аст ки ба иҷро гузошта мешавад.

Бо тавваҷуҳ ба ин ки тибқи баровардҳо эътилофи аҳзоби Ҷумҳурӣ ба Пеш ва Мудем дар ниҳоят байни 400 то 445 курсӣ аз маҷмӯи 577 курсии порлумони Фаронсаро ба даст хоҳанд оварад, метавон пешбинӣ кард, ки ба ин тартиб роҳ барои ислоҳоти густардаи иқтисодии мавриди ҳимояти раиси ҷумҳурии Фаронса кушода хоҳад шуд.

Бо ин ҳама рақибон ва мухолифони макрон якпорча шудани давлату порлумонро ба зиёни Фаронса талаққӣ мекунанд. Дар муқобил муҳимтарин масъала барои Макрон ҳимояти якпорчаи порлумони Фаронса аз тарҳҳову барномаҳои мадди назараш барои беҳбуди авзои иқтисодӣ, ба вижа коҳиши нархи бекорӣ ва коҳиши касрии буҷет аст ва аз дидгоҳи вай вуруди намояндагони ҳамсӯ бо давлат метавонад ба ҳимоят аз сиёсатҳои вай дар маҷлиси Фаронса бианҷомад. Дар воқеъ Макрон бар ин гумон аст, ки бо ҳимояти порлумон метавонад ислоҳотеро, ки ба фаронсавиҳо ваъда дода буд, амалӣ кунад.

Мусалламан натоиҷи интихоботи порлумонии Фаронса барои Иттиҳоди Аврупо ва сарони аврупоӣ, ба вижа Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ба унвони муттаҳиди наздики Макрон умедворкунанда ва навидбахши пайгирӣу тақвияти сиёсатҳои мубтанӣ бар ҳамгироӣ дар ИА хоҳад буд. Зимни ин ки пирӯзии Макрон метавонад муҷиби тақвияти мавзеъгириҳ ва иқдомоти вай дар арсаи сиёсати хориҷӣ, ба вижа дар рӯёрӯии Иттиҳоди Аврупо бо Амрико шавад.

 

Барчасп