Долларҳои нафтии Арабистон номи Халиҷи Форсро иваз намекунад (видео)
Июн 13, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
Мақомҳои амрикоӣ пас аз он ки ин кишвар садҳо миллиард доллари арабҳои ҳошияи Халиҷи Форсро ба ҷайб заданд, ҳоло бо таҳрифи номи таърихии Халиҷи Форс ва ба кор бурдани номҳои дурӯғин қасд доранд, ҷавоби хушхидматии подшоҳону шайхҳои арабро бидиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷӣ ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳоле дар рӯзҳои ахир аз номҳои сохта ба ҷойи номи таърихию расмии Халиҷи Форс истифода кардаанд, ки ин ном на танҳо дар асноди расмии Созмони Милали Муттаҳид қайд шуда, балки ҳатто рӯйи медалҳои эҳдошуда ба низомиён ва рӯйи санги қабри низомиёни амрикоӣ низ номи Халиҷи Форс ҳак шудааст.