Июн 13, 2017 19:16 Asia/Dushanbe
  • Мугарини: Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон пойбанд мемонад

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, бо вуҷуди эътирози Амрико ба тавофуқи ҳастаии “Гурӯҳи панҷ ба илова як” бо Эрон ин санади байналамилалӣ иҷро мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Федерико Мугарини рӯзи сешанбе дар конфронси хабарии иҷлоси "Сулҳ”-и Осло таъкид кард, БАРҶОМ мутааллиқ ба як кишвар нест, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тааллуқ дорад ва Иттиҳоди Аврупо барои иҷро шудани он талош хоҳад кард. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар бораи эҳтимоли бозбинии БАРҶОМ дар Амрико гуфт, итминон дорад, баррасии БАРҶОМ дар Амрико ба тасмими оқилона, яъне ҳифзи БАРҶОМ мунҷар хоҳад шуд. Мугарини ҳамчунин дар таъйиди суханони Ҷон Керри, вазири умури хориҷии пешини Амрико дар бораи пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ гуфт, бо таваҷҷуҳ ба гузориши Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар остонаи соли дувуми Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) дар бораи пойбандии Эрон ба тааҳҳудоташ бадгумониҳо дар ин замина рафъ шуд.

 

Барчасп