Июн 14, 2017 10:47 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Амрико: Дар ҷанги Афғонистон дастоварде надоштаем

Вазири дифои Амрико эътироф кард, роҳбурди низомии Вашингтон дар ҷанги Афғонистон шикаст хӯрдааст.

Ба гузориши “Рейтерз”, Ҷеймс Маттис дирӯз дар ҷаласаи Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сано гуфт, Амрико дар ҷанги Афғонистон ҳеҷ дастоварде надошта ва қодир ба таъмини амният ва барқарории сулҳу субот дар ин кишвар набудааст.

Вазири дифои Амрико афзуд, авзои Афғонистон рӯз ба рӯз вахимтар мешавад ва ҳамалоти Толибон низ густариш меёбад.

Ҷеймс Маттис гуфт, барои ҷуброни шикасти Амрико дар ҷанги Афғонистон, Вашингтон бояд дар сиёсати худ дар қиболи ин кишвари ҷангзадаро таҷдиди назар кунад ва ҳазорон низомии дигар низ ба Афғонистон эъзом кунад.

Бархе аз мақомоти амрикоӣ эълом кардаанд, ки афзоиши ҳузури низомиёни ин кишвар дар Афғонистон ҳеҷ суде барои ин кишвар надошта ва авзоъро бадтар кардааст.

 Давлати Трамп дар ҳоли бозбинии сиёсати кишвараш дар Афғонистон аст ва пешбиниҳо баёнгари тасмим ба ирсоли 3 то 5 ҳазор низомии амрикоӣ ба Афғонистон аст.

 Ҳамакнун даҳ ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд.

Аз соли 2001 то кунун беш аз 2 ҳазору 300 амрикоӣ дар Афғонистон кушта ва 17 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

 

Барчасп