Июн 15, 2017 12:57 Asia/Dushanbe
  • Ба оташ кашидани як афғон ба дасти Толибон

Толибон дар иқдоме фаҷеъ ва зиддиинсонӣ як ғайринизомии афғонро ба оташ кашиданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Абдусамад Солеҳ, узви Шӯрои вилояти Фароҳ гуфт, Толибон рӯзи гузашта дар ин вилоят ин ғайринизомии афғонро ки Сайид Ҷавод ном дошт, дар иқдоме берҳмона сӯзонданд.

Нурулҳақ Холиқӣ, сухангӯи артиши миллии Афғонистон дар вилояти Фароҳ мегӯяд, ин фард узви артиш набуда ва фақат маводи ғизоии артишро таҳия мекардааст.

Ин иқдоми Толибони Афғонистон бо изҳороти ахири Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ дар бораи ин ки ғайринизомиёни афғонро ҳадаф қарор намедиҳанд, муғойират дорад.

Пас аз инфиҷори террористии ду ҳафтаи пеши минтақаи Вазир Акбархони Кобул, ки беш аз 150 кушта барҷой гузошт ва ДИИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифт, Толибон эълом кард, ин гурӯҳ ба ғайринизомиён осеб намерасонад.

 

Барчасп