Июн 15, 2017 18:50 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маскав ба таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Русия

Дар пайи тасвиби таҳримҳои ҷадид зидди Русия дар Сенати Амрико, Кохи Кремл дар бораи паёмадҳои ин иқдом ба Вашингтон ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Дмитрий Песков, сухангӯи Кохи Кремл рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, иқдоми сенаторҳои амрикоӣ дар таҳрими Русия, ба иттиҳоми дахолати ин кишвар дар рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико, эҳтимоли афзоиши таҳримҳои мутақобилро ба вуҷуд оварда, ки албатта ин, интихоби Маскав набудааст.

Сенаторҳои амрикоӣ қонуни ҷадидеро гузаронданд, ки бар асоси он, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико наметавонад, фишор бар Маскавро коҳиш диҳад.

Онон Маскавро ба талош барои ироаи иттилооти ғалат дар мавриди Амрико дар интихоботи соли 2016 ин кишвар, муттаҳам мекунанд.

Илова бар ин, Вашингтон аз соли 2014 бо муттаҳам кардани Русия ба дахолат дар умури дохилии Украина, таҳримҳои иқтисодӣ ва молии зиддирусиро ба иҷро даровардааст.

Владимир Ҷабборов, муовини аввали Комиссияи умури байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия, низ рӯзи чаҳоршанбе хостори посухи ҷиддӣ ва мутақобил ба ташдиди таҳримҳои зиддирусии Амрико шуд.

 

 

Барчасп