Июн 18, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани панҷ пулиси афғон дар ҳамлаи Толибон дар Пактиё

Дар ҳамлаи инфиҷорӣ ба бинои фармондеҳӣ - амниятии маркази устони Пактиё дар ҷанубу шарқи Афғонистон, то кунун панҷ пулис кушта шуданд.

Ба гузориши радио “Пашту бурун марзӣ”, сухангӯи Толибон муддаӣ шуд, як узв ин гурӯҳ, субҳи рӯзи якшанбе бо мунфаҷир кардани худрави бомбгузорӣ шуда дар наздикии бинои фармондеҳӣ - амниятии шаҳри Гарде, муқаддамотро барои вуруди бархе аз аъзои ин гурӯҳ ба ин бино фароҳам кард.

Мақомоти маҳаллӣ токунун кушта шудани 5 пулис ва захмӣ шудани 4 тани дигарро таъйид карда ва гуфтаанд, ки даргирӣ миёни тарафайн, то лаҳзаи мухобира хабар идома дорад.

Бархе манобеъ мегӯянд, мумкин аст, ба хотири шиддати даргириҳо, амори талафот афзоиш ёбад.

Гуфта мешавад, 2 муҳоҷим дар даргирӣ бо пулис кушта шудаанд.

Вазорати кишвари Афғонистон ин ҳамлаи Толибонро таъйид кардааст.

 

Барчасп