Июн 18, 2017 14:32 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди таарруз ба мусулмонони Биритониё пас аз ҳамалоти террористӣ

Пас аз вуқуи ҳамалоти террористии ахир дар Манчестер ва Лондон, мавҷи исломситезӣ дар Биритониё ташдид шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ал Қудс ал Арабӣ”-и чопи Лондон, дар ҳоле, ки пас аз ҳамалоти террористӣ дар Биритониё, мусулмонони ин кишвар ин ҳамалотро маҳкум ва онро иқдоме зидди кулли ҷомеаи Биритониё, аз ҷумла мусулмонон эълом карданд, аммо таарруз ва иқдомҳои ҷинояткорона зидди онон ташдид шудааст.

Бино бар омори расмии шаҳрдории Лондон, аз замони вуқуи ҳамалоти террористӣ дар Лондон, таарруз ба мусулмонони сокини ин шаҳр панҷ баробар шудааст.

Муҳаммад Кезбер, раиси Анҷумани исломӣ дар Биритониё, ба ин рӯзнома гуфт, мутаассифона, мусулмонон баҳои амалиёти террористиро мепардозанд чун омилони он номи исломро ба кор мебаранд.

Вай, таарруз ба масоҷид ва таҳдид ва паёмҳои интиқомҷуёна дар сафаҳоти маҷозиро аз масодиқи хушунат, зидди мусулмонон баршумурд ва тасреҳ кард, ин мушкил ношӣ аз ҷаҳли ҷомеаи Биритониё ба ҳақиқати Ислом аст, ки бояд бо муаррифии чеҳраи воқеии террористҳо ва афкори онон, рафъ шавад.

 

Барчасп