Амрико: Ошиқи таҳрим кардани Эрон ҳастем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i19252-Амрико_Ошиқи_таҳрим_кардани_Эрон_ҳастем
Намояндаи доими Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар идомаи сиёсатҳои хасмонаи Вашингтон алайҳи Эрон гуфт, Амрико ҳамвора алоқаманд ба таҳрим кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 28, 2017 06:32 Asia/Dushanbe
  • Амрико: Ошиқи таҳрим кардани Эрон ҳастем

Намояндаи доими Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар идомаи сиёсатҳои хасмонаи Вашингтон алайҳи Эрон гуфт, Амрико ҳамвора алоқаманд ба таҳрим кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ники Ҳили рӯзи сешанбе дар ҷаласаи шуниди Кумитаи тахсиси будҷаи Конгресси Амрико гуфт, Вашингтон бо ҳидояти ҷаласоти моҳонаи Шӯрои амният дар бораи мавзӯоти Ховари миёна, аъзои ин шӯроро водор кардааст то аз баҳс дар бораи режими саҳюнистӣ худдорӣ ва рӯйи Эрон тамаркуз кунанд.

Намояндаи доими Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба ин ки Вашингтон ба думболи таҳрими Эрон дар Шӯрои амният аст афзуд, танҳо нигаронии Амрико ветои таҳримҳои Эрон тавассути Русия аст.

Ники Ҳили пештар низ таъкид карда буд, Трамп ва тимаш дар ҳоли баррасии имкони таҳрими бештари Эрон ҳастанд.

Режими ишғолгари Қудс аз муттаҳидони аслии Амрико дар минтақаи Ховари миёна аст.

Мақомоти режими саҳюнистӣ ҳамвора Доналд Трампро ҳомии қудратманди Исроил хондаанд.