60 миллион тон ғизо дар зуболадонҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i19362-60_миллион_тон_ғизо_дар_зуболадонҳои_Амрико
Бо вуҷуди ниёзмандии бисёре аз мардуми ҷаҳон ба маводи ғизоӣ, мардуми Амрико бахши зиёде аз маҳсулоти ғизоиро дур мерезанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 01, 2017 12:18 Asia/Dushanbe
  • 60 миллион тон ғизо дар зуболадонҳои Амрико

Бо вуҷуди ниёзмандии бисёре аз мардуми ҷаҳон ба маводи ғизоӣ, мардуми Амрико бахши зиёде аз маҳсулоти ғизоиро дур мерезанд.

Дар ҳоле ки ҳудуди 795 миллион нафар дар саросари ҷаҳон гурусна ҳастанд, мардуми Амрико солона беш аз 60 миллион тон аз маводи ғизоии тавлидшуда дар ин кишварро дур мерезанд.

Бисёре аз коршиносони санъати тағзия ва маводи ғизоӣ дар Амрико муътақиданд, ки набуди низоми омӯзишии саҳеҳ дар мадориси Амрико ва дастрасии роҳати мардум ба ғизоҳои омода ва бастабандишуда дар фурӯшгоҳҳои ин кишвар аз ҷумлаи далоили исрофи маводи ғизоӣ аст.

Таҳқиқоти донишгоҳи иёлати Огайо ва дар соли 2016 ҳам нишон медиҳад, ки бештари мардуми Амрико дур рехтани маводи ғизоиро мушкили воқеии ин кишвар медонанд, вале роҳкоре низ барои муқобила бо исроф надоранд.

Ин дар ҳолест, ки Амрико бо 19 трилион доллар тавлиди нохолиси дохилӣ, ки дар садри кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, 40 миллион шаҳрванди зери хатти фақр дорад ва ба ҳамин теъдод низ афрод барои гузарондани зиндагӣ ба купонҳои ғизоӣ вобаста ҳастанд.