Таъкиди Созмони дидабони ҳуқуқи башар бар таваққуфи ҳимояти Амрико аз Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i19448-Таъкиди_Созмони_дидабони_ҳуқуқи_башар_бар_таваққуфи_ҳимояти_Амрико_аз_Арабистон
Мудири иҷроии Созмони дидабони ҳуқуқи башар бар таваққуфи ҳимояти Амрико аз режими Арабистон таъкид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 02, 2017 20:19 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Созмони дидабони ҳуқуқи башар бар таваққуфи ҳимояти Амрико аз Арабистон

Мудири иҷроии Созмони дидабони ҳуқуқи башар бар таваққуфи ҳимояти Амрико аз режими Арабистон таъкид кард.

Мудири иҷроии Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер бо интиқод аз ҳимоятҳои Вашингтон аз режими Саудӣ навишт, ки Амрико бояд ҳимоятҳои худ аз режими Оли Саудро мутаваққиф кунад.  

Кеннет Рот афзуд, силоҳҳои Амрико, ки дар дасти саудиҳо қарор мегирад, омили куштори шаҳрвандони яманӣ аст.

Мудири иҷроии Созмони дидабони ҳуқуқи башар таъкид кард, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бояд фурӯши силоҳ ба Арабистонро мутаваққиф кунад.

Доналд Трамп, дар сафари ахири худ ба Риёз тавофуқномаи фурӯш 110 миллиард доллар силоҳ ва таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ ба Саудиро имзо кард.

Аз марти 2015 токунун Арабистон бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, таҷовуз ба кишвари Яманро оғоз ва занон ва кӯдакони ин сарзаминро ба хоку хун кашидааст.

Ин дар ҳолест, ки Созмони афви байналмилал ва маҷомеи ҳуқуқи башарӣ бо ишора ба таҳвили силоҳ аз сӯи Британия, Амрико ва Фаронса ба Арабистон зидди мардуми Яман, иқдоми ин кишварҳоро шадидан маҳкум кардаанд.