Июл 08, 2017 17:59 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Амрико ба куштори садҳо ғайринизомӣ дар Сурия ва Ироқ

Вазорати дифои Амрико, ба куштори садҳо ғайринизомӣ дар Сурия ва Ироқ эътироф кард.

Ба гузориши SKY News, вазорати дифои Амрико (Пентагон) рӯзи ҷумъа дар гузорише эътироф кард, ки ҳамалоти ҷангандаҳои Амрико ва муттаҳидонаш, аз соли 2014 то кунун ба кушта шудани 603 ғайринизомӣ дар Ироқ ва Сурия мунҷар шудааст.

Дар гузориши Пентагон омадааст, бар асари ҳамалоти ҳавоии Амрико ва муттаҳидонаш аз 19 апрел то 23 моҳ майи 2017 мелодӣ, 119 ғайринизомӣ ҷонашонро аз даст доданд, ки ниме аз ин ғайринизомиён дар шаҳри Мусил- шимоли Ироқ ё наздикии он кушта шуданд.

Пентагон дар гузориши худ ҳамчунин муддаӣ шуд, ки амалиёти ҳавоии Амрико алайҳи манотиқи таҳти ишғоли ДИИШ дар Сурия ва Ироқ анҷом шудааст.

Ҳамзамон бо афзоиши амалиёти низомии эътилофи амрикоӣ алайҳи ДИИШ дар Мусили Ироқ ва низ дар Сурия, нигарониҳо дар хусуси кушта шудани шумори зиёди ғайринизомиён афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки гуфта мешавад, арзёбии Пентагон дар хусуси шумори кушта шудагони ғайринизомӣ дар Ироқ ва Сурия, бисёр камтар аз арқоми воқеӣ аст.

Эътилофи ба истилоҳ зидди ДИИШ дар даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама дар соли 2014, бо ҳадафи иддаои мубориза бо террористҳои ДИИШ дар Ироқ ва Сурия шакл гирифт.

Бинобар гузоришҳои расмӣ, Амрико ва шарикони ғарбӣ ва арабии ин кишвар аз эҷодкунандагон ва ҳомиёни аслии молӣ ва таслиҳотии гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ба шумор мераванд.

 

Барчасп