Раъйи Додгоҳи олии Британия алайҳи миллати мазлуми Яман
Додгоҳи олии Британия бо дархости ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар барои мамнуияти фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ мухолифат кард.
Фаъолони ҳуқуқи башар, аз ҷумла Ҷумбиши муқобила бо тиҷорати силоҳ, Афви байналмилал ва Дидабони ҳуқуқи башар давлати Британияро ба ҳамдастӣ бо ҷиноёти ҷангии Арабистон дар Яман муттаҳам карданд.
Эндрю Смитт, сухангӯи ин ҷумбиши муқобила бо фурӯши силоҳ гуфт, давлати Британия аз ду соли пеш то кунун бо фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ, ин кишварро дар таҷовуз ба Яман ва куштори мардуми ин кишвар ёрӣ кардааст.
Давлати Британия аз 26 –уми марти соли 2015 то кунун қарордодҳое ба арзиши се миллиарду 300 миллион доллар барои фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ, бо ин кишвар ба имзо расондааст. Ҷетҳои ҷангандаи “Торнадо” ва “Тайфун” ва бомбаҳои ҳидоятшаванда аз ҷумлаи таҷҳизоти фурӯхташудаи Британия ба Арабистони Саудӣ ҳастанд.
Ду қозӣ, ки ба ин парванда расидагӣ карданд, ба ин натиҷа расиданд, ки давлати Британия кори ғайриқонунӣ анҷом надодааст. Дар ҳукми ду қозӣ омада, ки онҳо иттилооти маҳрамонаеро, ки ба далели амнияти миллӣ наметавон фош кард, баррасӣ карда ва ба ин натиҷа расидаанд, ки тасмими вазири тиҷорати хориҷӣ барои идомаи фурӯши силоҳ ба Арабистон ғайриқонунӣ набудааст.
Ҷеймс Линч, раиси бахши назорат бар таслиҳот ва ҳуқуқи башари Созмони Афви байналмилал гуфт, ин ҳукм бисёр ноумедкунанда аст ва дасти давлати Британия ва дигар арзакунандаҳои аслиҳа ба Арабистони Саудиро барои ирсоли силоҳ ба ин кишвар боз гузоштааст.
Аз оғози таҷовузи Оли Сауд ба Яман дар 26-уми марти соли 2015 беш аз 13 ҳазор яманӣ, асосан ғайринизомӣ ва зану кӯдак ҷони худро аз даст доданд. Садҳо ҳазор нафар овора ва даҳҳо ҳазор нафар дар маърази бемории вабо қарор доранд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар гузорише эълом кард, ки ҳазору 706 тан бар асари мубтало шудан ба бемории вабо дар Яман ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумори мубталоён ба вабо ва исҳол (шикамравӣ)-и шадид тайи ин давра ба 297 ҳазору 438 тан дар 21 вилояти Яман расид. Ҷейми Макголдрик, ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони милал дар Яман пештар дар конфронси матбуотӣ эълом кард, бемории вабо тавони мардумро барои таҳаммули ҳар гуна буҳрон, ба вижа қаҳтӣ коҳиш медиҳад. Бемории вогирдор (гузаранда)-и вабо ба хотири дастрасӣ надоштан ба оби ошомидании тоза аст. Беш аз ҳаштод дарсади мардуми Яман ба оби ошомидании тоза ва ғизои кофӣ дастрасӣ надошта ва аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд.
Яман бо 22 миллион нафар ҷамъият дар вазъияти як фоҷеаи инсонӣ қарор дорад. Давлатҳои муддаии башардӯстӣ ба хотири манофеи сиёсӣ ва иқтисодиашон ҳозир ба таваққуфи содироти силоҳ ба Арабистон нестанд. Силоҳҳое, ки дар ҷанг алайҳи миллати мазлум ва фақир ба кор гирифта мешаванд. Арабистон бузургтарин харидори таслиҳоти британияӣ, амрикоӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ аст.
Раъйи Додгоҳи олии Британия ба ин маъно аст, ки ҷони инсонҳои бегуноҳи яманӣ, ки ба дасти сарбозони Оли Сауд ва бо бомбаҳои британияӣ гирифта мешавад, арзише дар қиболи манофеи тиҷорӣ ва пайвандҳои сиёсии давлати Британия бо Арабистони Саудӣ надорад. Давлатҳои муддаии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ҷаҳон он ҷо ки пойи манофеи ғайриқонунии иқтисодӣ ва сиёсиашон дар миён бошад, ба роҳатӣ тамоми арзишҳои инсониро зери по мегузоранд.
Дар дунёи ворунае зиндагӣ мекунем, ки арзишҳои онро ноқизони ҳуқуқ башар таъйин мекунанд. Дунёи ворунае, ки демократия, ҳуқуқи башар ва терроризмро хуб мепиндоранд, агар дар хидмати онон бошад ва онро бад мепиндоранд, агар дар муқобили онҳо бошад.
Арабистон, ки муҳимтарин тарвиҷгари ифротгароӣ ва терроризм ба гузориши таҳқиқотест, ки дар Британия анҷом шуда ва дур аз ҳукумати демократӣ аст ва ба сурати тоифаӣ ва қабилаӣ идора мешавад, муттаҳиди стратегии давлатҳои ғарбии муддаии демократияхоҳӣ, башардӯстӣ ва парчамдори мубориза бо терроризм аст.