Интиқоди раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз бенатиҷа будани паймони амниятӣ бо Амрико
(last modified 2017-07-12T13:24:18+00:00 )
Июл 12, 2017 18:24 Asia/Dushanbe

Абдулрауф Иброҳимӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфт, паймони амниятии Кобул ва Вашингтон натиҷае надошта ва сулҳу субот барои ин кишвар ба армуғон наёвардааст.

Ба гуфтаи раиси Парлумони Афғонистон, кишвараш паймонҳои амниятиро яке пас аз дигаре бо Амрико, Англия, Олмон, Италия ва НАТО имзо кард, то шоҳиди ба вуҷуд омадани вазъияти беҳтар ва рушди сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бошад, аммо чунин нашуд.

Аввалин бор нест, ки паймони амниятии Амрико ва Афғонистон дар ин кишвар ба далели бенатиҷа будани он бар раванди таҳаввулоти амниятии ин кишвар мавриди интиқоди ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Ҳамкорамон Ғафурӣ дар гузорише вижа ба ин мавзуъ пардохтааст: