Июл 23, 2017 17:54 Asia/Dushanbe
  • Суқути як шаҳристон дар вилояти Ғӯри Афғонистон

Шаҳристони Тайвараи вилояти Ғӯр дар маркази Афғонистон ба тасарруфи Толибон даромад.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Маҳмуди Андаробӣ, фармондеҳи полиси вилояти Ғур гуфт, шаҳристони Тайвара дар паи даргириҳои шадиди рӯзи якшанбе миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон суқут кард .

Абдулҳай Хатибӣ, сухангуи волии Ғур низ гуфт: Шаҳристони Пасобанд дар ин вилоят ҳам дар муҳосираи Толибон қарор дорад .

Токунун аз шумори талафоти нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон дар ин даргириҳо гузорише мунташир нашудааст .

Гурӯҳи Толибон ҳамчунин дар вилоятҳои Ҳирот, Ҳилманд, Бадахшон ва Бағлон дар набарди шадид бо низомиёни афғон ҳастанд ва дар ин ҳамалот даҳҳо тан аз тарафайн ва ғайринизомиён кушта шудаанд .

Ҳамалоти Толибон дар ҳоле ба манотиқи мухталифи Афғонистон афзоиш ёфтааст, ки Шӯрои олии сулҳи ин кишвар аз тарҳи ҷадиде барои гуфтугӯ бо мухолифони давлати Кобул хабар медиҳад .

 

Барчасп