Июл 24, 2017 14:48 Asia/Dushanbe
  • Масъулияти инфиҷор дар ғарби Кобулро Толибон пазируфт

Гурӯҳи Толибон масъулияти инфиҷор дар ғарби Кобул, пойтахти Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

   Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Тасним, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо пазируфтани масъулияти инфиҷори Кобул, ҳадаф аз ин иқдомро мунфаҷир кардани ду худрави  кормандони раёсати Амнияти миллии Афғонистон эълом кард.

   Ин инфиҷор субҳи имрӯз (душанбе) дар ғарби Кобул дар наздикии манзили Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон рух дод.

   Дар ҳоле, ки манобеи хабарӣ охирин омори қурбониёни ин ҳамларо 26 кушта ва дастикам 45 захмӣ эълом кардаанд, сухангӯи Толибон мегӯяд, 37 корманди амнияти миллӣ дар ин инфиҷор кушта шудаанд.

   Гуфта мешавад, эҳтимоли афзоиши талафоти ин инфиҷор вуҷуд дорад.

   Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон бо интишори баёнияе ин иқдоми Толибонро террористӣ донист ва онро маҳкум кард.

 

Барчасп