Июл 26, 2017 18:24 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Сенати Афғонистон: Ба давлат эътимод надорем

Муовини дуввуми Маҷлиси Сенати Афғонистон аз раисҷумҳури ин кишвар хост, вазирони ғайри вобаста ба ҷарёнҳо ва аҳзобро ба зудӣ ба ин ниҳод муаррифӣ кунад.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Муҳаммад Осиф Сиддиқӣ эълом кард, мардум ва намояндагони Маҷлиси Сенат ба давлати Афғонистон эътимод надоранд ва муаррифӣ накардани вазирон ба маҷлис, яке аз далоили ин беэътимодӣ аст .

Вай гуфт: Давлати Афғонистон бояд вазиронеро ба маҷлис муаррифӣ кунад, ки ба ҷарёнҳо ва ҳизбҳо вобаста набошанд .

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ахиран давлати Афғонистон Гулоғо Шерзайро ба унвони вазири умури марзҳо ва қабоил ва Ҳамиди Таҳмосиро ба унвони вазири ҳамлу нақл муаррифӣ кард .

Ҳамчунин Алмаз Зоҳид, узви Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, ба унвони мушовири Ашраф Ғанӣ муаррифӣ шуд .

 10вазоратхона дар Афғонистон бевазир аст ва бо сарпарастӣ  идора мешавад .

 

Барчасп