Ҳушдори Русия ба Амрико дар бораи ҷанги сарди ҷадид дар ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20626-Ҳушдори_Русия_ба_Амрико_дар_бораи_ҷанги_сарди_ҷадид_дар_ҷаҳон
Намояндаи аршади Парлумони Русия, таҳримҳои ҷадиди Амрикоро ба маънои бурдани ҷаҳон ба самти ҷанги сарде дигар донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 26, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба Амрико дар бораи ҷанги сарди ҷадид дар ҷаҳон

Намояндаи аршади Парлумони Русия, таҳримҳои ҷадиди Амрикоро ба маънои бурдани ҷаҳон ба самти ҷанги сарде дигар донист.

Ба нақл аз ИТАР-ТАСС, Франтс Клинтсевич, ноиб раиси аввали кумитаи дифоӣ ва амниятии Шӯрои федератсияи Русия тарҳи таҳримҳои ҷадиди Амрикоро ба қонуни зидди русии Ҷексон Веника дар соли 1974 ташбеҳ кард, ки муносиботи тиҷории Амрикоро бо кишварҳое, ки Вашингтон онҳоро ноқизи ҳуқуқи башар мехонд, маҳдуд мекард .

Конгресси Амрико 38 соли баъд ва дар 21 ноябри 2012 ин қонунро дар бораи Русия ба таври расмӣ лағв кард .

Клинтсевич гуфт: Агар тарҳи таҳримҳои ҷадид ба иҷро гузошта шавад, равобити Русия-Амрико бо мавонеи бештаре мувоҷеҳ хоҳад шуд .

Маҷлиси намояндагони Амрико, рӯзи сешанбе ба тарҳи ташдиди таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Русия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ раъй дод .