Июл 28, 2017 20:39 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Амрико ба Вазорати умури хориҷии Русия

Сафири Амрико дар Маскав ба Вазорати умури хориҷии Русия эҳзор ва тасмими ин кишвар дар посух ба иқдомҳои зиддрусияии Вашингтон ба ӯ ироа шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, Ҷон Теффт, сафири Амрико дар Маскав ба Вазорати умури хориҷӣ эҳзор шуда, матни баёнияи Русия ва тасмимоти марбут ба коҳиши коркунони намояндагиҳои дипломатии Амрико ва низ амлоки ин кишвар дар Русия ба ӯ ироа шуд. Бар асоси тасмими Маскав, шумори кормандони сафорат ва консулгариҳои Амрико дар Русия бояд ба 455 нафар коҳиш ёбад. Ин гузориш ҳокист, сафорати Амрико дар Маскав пас аз ин эҳзор дар баёнияе эълом кард, аз иқдомҳои мутақобили Русия алайҳи Амрико ба шиддат ноумед шуда, бо онҳо мухолиф аст.

Маскав рӯзи ҷумъа дар муқобила бо таҳримҳои ҷадиди Амрико дастури коҳиши теъдоди дипломатҳои ин кишварро дар Русия содир ва тасреҳ кард, маҷмӯаи виллоии ноҳияи “Серебряный бор” ва анборҳои дипломатии хиёбони “Дорожный” дар маркази Маскав, ки мутааллиқ ба Амрико ҳастанд, аз оғози моҳи август, сешанбеи оянда мутаваққиф мешавад.

Сенати Амрико ба мусаввабаи Конгресс дар бораи таҳримҳои Эрон, Русия ва Кореяи Шимолӣ раъйи мусбат додааст.

 

Барчасп