Муқобила ба мисли Русия дар баробари Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20746-Муқобила_ба_мисли_Русия_дар_баробари_Амрико
Маскав дар муқобила бо таҳримҳои ҷадиди Вашингтон, дастури коҳиши шумори дипломатҳои Амрикоро дар Русия содир ва ба тавқифи бахше аз амлоки дипломатии он кишвар иқдом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 29, 2017 14:57 Asia/Dushanbe
  • Муқобила ба мисли Русия дар баробари Амрико

Маскав дар муқобила бо таҳримҳои ҷадиди Вашингтон, дастури коҳиши шумори дипломатҳои Амрикоро дар Русия содир ва ба тавқифи бахше аз амлоки дипломатии он кишвар иқдом кард.

Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа бо судури баёнияе эълом кард, илова бар коҳиши шумори дипломатҳои амрикоӣ, сафорати Амрико дар Маскав аз аввали моҳи август, ҳаққи истифода аз ду макони дипломатӣ дар маркази Маскавро нахоҳад дошт. Дар ин баёния бо ишора ба тасвиби тарҳи таҳримҳои ҷадиди зидди русӣ дар Конгресси Амрико омадааст, тасвиби ин тарҳ бори дигар хусуматталабии шадиди Амрикоро дар умури байналмилалӣ нишон дод. Таҳримҳои Амрико, бахши энержӣ ва низомии Русияро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Алексей Мухин, таҳлилгари сиёсии Русия муътақид аст, ки тарроҳони таҳримҳои ҷадиди зидди Русия дар Амрико иштибоҳи бузургеро муртакиб шудаанд, чун дар тадвини ин таҳримҳо ба ҳеч унвон нигарониҳои Русия дар назар гирифта нашудааст .

Дар айни ҳол, русҳо аз таҳримҳои ҷадиди Амрико ба масобеҳи эъломи ҷанги сиёсии ошкор ёд карданд. Камо инки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таҳримҳои Амрикоро иқдоме густохона ва бо паёмадҳои сангин тавсиф кард. Бар хилофи тасаввури аввалияи русҳо дар бораи беҳбуди маҳсуси равобити Вашингтон ва Маскав бо рӯи кор омадани Трамп, аммо акнун раванди авзоъ ба гунае комилан бар хилофи он пеш меравад .

Ба назар мерасад, мусаввабаи таҳримии ҷадиди Конгресси Амрико роҳро бар ҳаргуна беҳбуди равобити Русияву Амрико баста ва боиси афзоиши танишҳо байни Маскаву Вашингтон дар ояндаи наздик шавад. Ин комилан бар хилофи интизори русҳо аз рӯи кор омадани Трамп будааст.

Дар ҳоле, ки Трамп хоҳони беҳбуди равобит бо Русия ва ҳатто ҳамкорӣ бо он дар бораи бархе масоили байналмилалӣ будааст, аммо иқдоми конгресс дар густариши таҳримҳо алайҳи Русия, ки ба эҳтимоли бисёр зиёд Кохи Сафед низ ночор ба мувофиқат бо он аст, роҳро барои ҳаргуна гушоише дар равобити дуҷониба хоҳад баст.

Метавон пешбинӣ кард, ки Русия дар вокуниш ба бастаи таҳримии ҷадиди Амрико, ки бар бахшҳои мухталифи иқтисоди Русия бавижа бахши энержӣ таъсири бисёр манфӣ хоҳад гузошт, иқдомоти ҷиддӣ иттихоз кунад.

Бавижа инки барои русҳо даромадҳои нафтӣ ва газӣ аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст ва бастаи таҳримии ҷадиди Конгресси Амрико низ дақиқан ҳамин бахшро мадди назар қарор дода, ки осори манфии зиёде бар равобити иқтисодии Русияву Иттиҳоди Аврупо хоҳад гузошт.

Рено Бушор, коршиноси умури иқтисодии Фаронса муътақид аст, ки Иттиҳоди Аврупо қодир нахоҳад буд, посухе якпорча ба иқдоми ҷадид Амрико диҳад ва танҳо Олмон метавонад посухе воқеӣ ба ин иқдом диҳад.

Ҳадафи амрикоиҳо афзоиши маънодори фишорҳо алайҳи Русия бо ҳадафи танбеҳи он ба далели дахолат дар раванди интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико, ки хатти қирмиз маҳсуб мешавад ва низ тағйири сиёсатҳои минтақаӣ ва байналмилалии Русия аст .