Иҷборӣ шудани истифодаи дастбанди ҳушманд дар ҳаҷ
Манобеи вобаста ба Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ аз зарурӣ будани истифода аз дастбанди ҳушманд барои беш аз як миллион ҳоҷӣ дар ҳаҷи имсол хабар доданд.
Ба гузориши шабакаи "Русия ал-явм", Абдуллоҳ Марғалонӣ, муовини умури ҳаҷ ва умраи Арабистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кардааст, дар маросими ҳаҷи имсол беш аз як миллион дастбанди ҳушманд ба ҳоҷиёни кишварҳои мухталиф таҳвил дода хоҳад шуд, то беҳтар шиносоӣ ва рафту омади онон осон шавад. Ӯ гуфтааст, шумори ҳоҷиёни имсол ба ҳудуди як миллиону 400 ҳазор нафар мерасад, ки бидуни пазируфтани шартҳои лозим наметавонанд вориди Арабистон шаванд.
Марғалонӣ ҳадаф аз ин иқдомро кӯмак ба роҳнамоӣ ва ташхиси ҳувияти ҳоҷиён, ироаи хадамот ба онҳо дар ростои ҳифзи ҷону саломатиашон хонд.
Дар маросими ҳаҷи соли гузашта бетадбирии масъулини Саудӣ сабаб шуд, то ҳазорон зоири Байт-ул-ҳаром, аз ҷумла ҳудуди 460 зоири эронӣ дар саҳрои Мино бар асари издиҳоме, ки дар натиҷаи баста шудани роҳ ба вуҷуд омад, гармо ва нарасидани кӯмак ҷони худро аз даст бидиҳанд.