Ҳудуди се миллион афғон дастандари кори тавлид ва қочоқи мавод мухаддир
(last modified Mon, 31 Jul 2017 06:30:14 GMT )
Июл 31, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди се миллион афғон дастандари кори тавлид ва қочоқи мавод мухаддир

  Муовини мубориза бо маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, ҳудуди се миллион нафар дар ин кишвар дар заминаи тавлид ва қочоқи маводи мухаддир фаъолият мекунанд.  

 Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон, Абдулҷалил Бахтиёр, муовини мубориза бо маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Афғонистон, афзуд, ҳамчунин беш аз се миллиону 500 ҳазор нафар дар ин кишвар ба гунае таҳти таъсири маводи мухаддир ҳастанд.

 Абдулҷалил Бахтиёр афзуд, неруҳои пулиси мубориза бо маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзҳои гузашта, 764 амалиётро барои нобудии киштзорҳои хашхош дар бахшҳое аз ин кишвар иҷро карданд, ки дар пайи он, беш аз 870 қочоқчии маводи мухаддир боздошт шудаанд.

  Афғонистон, бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст ва ҳудуди се миллиону шашсад ҳазор нафар дар ин кишвар муътод ба маводи мухаддир ҳастанд.

 Бар асоси гузориши Созмони Милал, тавлиди солиёнаи маводи мухаддир дар Афғонистон ба соле 9 ҳазор тон расидааст.

Амрико ва Англия дар 15 соли гузашта бо ҳузури низомӣ дар Афғонистон, нақши ошкоре дар афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар доштаанд.

 

 

Барчасп