Баргузории ҷаласаи фавқулоддаи СҲИ
Нахустин ҷаласаи фавқулоддаи кишварҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар соли 2017 бо ҳадафи баррасии ҳаводиси ахири Масҷид-ул-ақсо ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ дар Истанбули Туркия баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон асри сешанбе дар ин нишаст зимни маҳкум кардани иқдомҳои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён гуфт, уммати Ислом бояд барои ҳаракати ҷаҳонӣ ва якпорча муттаҳид шаваду талоши саҳюнистҳоро барои махфӣ нигаҳ доштани барномаву иқдомҳои муҷримонаашон хунсо кунад. Зариф афзуд, уммати Ислом набояд ба ҳеҷ кас иҷоза диҳад, то ормони аслии Созмони Ҳамкории Исломиро, ки тақвияти ваҳдати уммати Ислом, муқобила бо тавсеаталабӣ ва ишғолгарии режими саҳюнистию ҳимоят аз таъсиси давлати мустақил ва пойдории Фаластин бо пойтахти Қудси шариф аст, мунҳариф кунад. Вазири хориҷии Эрон ҳамчунин муҳосираи борикаи Ғазза аз сӯйи режими саҳюнистиро кобуси инсонӣ хонда гуфт, режими Исроил ҳамчунон ба ҳама дархостҳои ҷаҳонӣ барои таваққуф ва тағйир дар сиёсатҳову иқдомоти нажодпарастонааш алайҳи мардуми Фаластин беэътиноӣ мекунад.
Вазири умури хориҷии Эрон дар Истанбул ҳамчунин бо бархе ҳамтоёни худ, аз ҷумла вазирони умури хориҷии Туркия ва Индонезия дидор карда, дар бораи вазъи Фаластин бо онон ба баҳсу гуфтугӯ нишаст.
Вазирони умури хориҷӣ ва мақомҳои бархе кишварҳои исломӣ дар ин иҷлоси якрӯза дар Истанбули Туркия ҳузур доштанд.