80 куштаву захмӣ дар ҳамлаи маргталабона дар Ҳироти Афғонистон
Ҳамлаи маргталабона ба намозгузорони як масҷид дар шаҳри Ҳирот (ғарби Афғонистон) камаш 30 шаҳид барҷой гузошт.
Ба гузориши ИРНА, манбаъҳои маҳаллӣ эълом карданд, дар ин ҳодиса, ки шаби гузашта дар бузургтарин масҷиди шиаёни шаҳри Ҳирот рӯй дод, ҳамлаварон ибтидо ба самти намозгузорон тир холӣ карданд ва сипас бо камарбандҳои таркишӣ худро миёни намозгузорон тарконданд.
Манбаъҳои бемористонии Афғонистон шумори маҷрӯҳони ин иқдоми террористиро камаш 50 нафар эълом карданд, ки дар миёни шаҳидон ва маҷрӯҳон, кӯдакон низ дида мешаванд.
Шумори ҳамлакунандагон ба масҷиди “Ҷаводия”-и Ҳирот мушаххас нашудааст, аммо бархе манбаъҳо ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш доданд,ки камаш 3 нафар сешанбешаб ибтидо ба самти намозгузорон тирпарронӣ карданд ва сипас 2 нафари дигар бо камарбандҳои таркишӣ ва партоби бомбаҳои дастисоз худро тарконданд.
Ин таркиш ҳангоми намози шому хуфтан, замоне, ки ҳудуди 300 намозгузор дар масҷид ҳузур доштанд, ба вуқуъ пайваст.
Толибон субҳи чаҳоршанбе бо интишори баёнияе эълом кард,ки дар таркиши масҷиди “Ҷаводия”-и Ҳирот дахолате надоштааст.
Шаҳри Ҳирот аз як соли гузашта шоҳиди ҳамлаҳои маргталабона ва таркишӣ ба масҷидҳо буда, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти онҳоро бар уҳда гирифтааст.
Олимони аҳли суннат ва шиаи Ҳирот пештар эълом карда буданд, ки ҳамлаҳо ба масҷидҳои ин шаҳр бо ҳадафи эҷоди тафриқаи мазҳабӣ миёни мардум сурат мегирад.