Вокуниши Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба изҳороти Ҳикматёр
Раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон гуфт, касоне, ки солҳо аз тариқи куштор ба думболи ғалаба бар ин кишвар буданд, набояд ба дигарон роҳ нишон диҳанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории “Тасним”, дар пайи изҳороти тунди Ҳикматёр дар баробари мунтақидони давлати Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон эълом кард, “Онҳое, ки солҳо аз тариқи куштори ғайринизомиён ба думболи ғалаба бар Афғонистон буданд, ҳоло мардумро насиҳат мекунанд, аммо намегузорем ин раванд идома ёбад”.
Доктор Абдуллоҳ таъкид кард, замони амру наҳй ба мардуми Афғонистон гузаштааст, аммо фазо барои талошҳои сиёсӣ боз аст.
Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломӣ ахиран изҳороти тундеро алайҳи бархе аз ҷараёнҳои сиёсӣ ва ба вижа эътилофи Шӯрои олии наҷоти Афғонистон баён кард.
Ато Муҳаммади Нур, волии Балх, Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон ва генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон ахиран эътилофе ба унвони “Шӯрои олии наҷоти Афғонистон” алайҳи давлати Кобул ташкил додаанд.
Ҳикматёр “шарикон дар ҳукумат”-ро ба таҳдиди низоми сиёсии Афғонистон ва талош барои нотавон сохтани он муттаҳам кард.