Август 12, 2016 18:34 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн аз иқдомоти режими Оли Халифа

Раиси Маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн аз иқдомоти золимонаи режими Оли Халифа интиқод кард.

Ба гузориши расонаҳои баҳрайнӣ, Юсуф Рабеъ, раиси Маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн таъкид кард, мақомоти амниятии режими Оли Халифа бо ҳадафи иҳонат ва беэҳтиромӣ ба мардуми Баҳрайн, монеи вуруди аҳолии Аддуроз ба хонаҳои худ мешаванд, ки ин рафтор баёнкунандаи сиёсати расмии дастгоҳи амниятии Баҳрайн нисбат ба шаҳрвандони ин минтақа ва иқдоме хилофи қонун аст.

Раиси Маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн аз Созмони милал хост, монеъ аз ин иқдомоти режими Оли Халифа шавад, зеро ки ин иқдомот муғойир бо қавонини байналмилалӣ аст.

Юсуф Рабеъ ҳамчунин дар бораи боздошти шайх Алии Салмон, дабири кулли ҷамъияти исломии "Вифоқ"-и Баҳрайн низ гуфт, давлати Баҳрайн бо муҳокимаи шайх Алии Салмон худро дар баробари ҷомеаи байналмилалӣ қарор медиҳад.

Дар пайи эътирози мардуми Баҳрайн дар мавриди бекор кардани тобеияти шайх Исои Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайн, дастгоҳҳои амниятии режими Оли Халифа, гузаргоҳҳои аслӣ ва фаръӣ дар Аддурозро бо худравҳои низомӣ ва зиреҳӣ бастаанд.

 

Барчасп