Август 06, 2017 18:14 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди сенатори амрикоӣ аз амалкарди Трамп

Сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико, амалкарди раисҷумҳури ин кишварро заиф арзёбӣ кард.

Ҷон Макеейн, сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Ню-Йорк Таймс гуфт, ҷумҳурихоҳон Доналд Трампро заиф ва нотавон арзёбӣ кардаанд .

Ин сенатори амрикоӣ тасреҳ кард, Доналд Трамп, номзади мутмаине барои Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсатҷумҳурии даври баъди Амрико дар соли 2020 нахоҳад буд .

Рафторҳо ва иқдомоти раисҷумҳури Амрико, дар моҳҳои ахир бо интиқоди густардаи ҳамҳизбиҳои ӯ дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ мувоҷеҳ шудааст .

Макеейн, ҳафтаи гузашта низ ба ҳамроҳи ду сенатори ҷумҳурихоҳи дигар бо лағви қонуни хадамоти беҳдошт ва дармони Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико мавсум ба "Обамакер" дар маҷлиси Сенат ва ҷойгузинии тарҳи ҷадиди давлат мухолифат кард .

Ин сенатори ҷумҳурихоҳ, аз сиёсати Трамп дар қиболи Афғонистон низ интиқод кардау гуфта буд, давлати Трамп ҳамонанди давлати қаблии Амрико натавонистааст роҳбурди мунсаҷиме дар қиболи ҷанги Афғонистон тадвин кунад .

 

Барчасп