Август 11, 2017 15:48 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Шӯрои инсиҷоми туркҳои Афғонистон ба фоҷиаи Мирзо Валанг

Раиси Шӯрои инсиҷоми туркҳои Афғонистон гуфт, кишвараш имрӯз ба азохона табдил шуда, ҳар рӯз шоҳиди куштори садҳо тан аз мардуми мазлум аст.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Ҷаҳонгир Амирӣ имрӯз, ҷумъа, дар маросиме дар Кобул гуфт, ҷиноёти террористҳо дар қатли оми мардуми бегуноҳи минтақаи Мирзо Валанг дар ҳеҷ дину оине пазируфтанӣ нест. Ӯ аз тамоми мардуми Афғонистон хост, бо ҳам якпорча ва муттаҳид бошанд ва бо гурӯҳҳои террористӣ то нобудии онҳо дар Афғонистон талош кунанд, то дигар шоҳиди чунин фоҷиаҳои ногуворе дар кишваршон набошанд. Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Зоҳири Ваҳдат, волии Сарипул асри панҷшанбе дар нишасти хабарие ба хабарнигорон гуфт, дар натиҷаи ҳамалоти болгардҳои артиши Афғонистон дар минтақаи Лағмони вилояти Сарипул яке аз фармондаҳони аслии гурӯҳҳои террористие, ки дар куштори мардуми бедифои Мирзо Валнг нақш доштанд, кушта шуд.

Нерӯҳои амниятӣ ва ҳавоии артиши Афғонистон аз субҳи панҷшанбе ҳамалоти густурдаеро барои поксозии минтақаи роҳбурдии Мирзо Валанг аз вуҷуди террористҳо оғоз кардаанд. Толибон бо кумаку ҳамкории гурӯҳи террористии ДИИШ панҷ рӯз қабл бо ҳамла ба минтақа Мирзо Валанги ноҳияи Сайёди вилояти Сарипул наздик ба 60 тан аз ғайринизомиён, занон, кӯдакон ва пирамардонро бераҳмона куштанд.

 

Барчасп