Баста шудани шоҳроҳ бо питзо + ФИЛМ ва АКС
Август 12, 2017 07:39 Asia/Dushanbe
Шоҳроҳе дар иёлати Арканзаси Амрико ба далели вожгун шудани як мошини боркаши калони ҳомили питзои пепперонии яхзада ба муддати 4 соат баста шуд.
Ин ҳодиса рӯзи гузашта рух дод ва коркунони идораи роҳ, полиси роҳнамоӣ ва ронандагӣ бо истифода аз як дастгоҳи борбардор (погрузчик) питзоҳои яхзадаро ҷамъоварӣ карданд.