Тавтеаи шикастхурдаи созмони ҷосусии Амрико дар Сурия
(last modified Sun, 13 Aug 2017 15:35:02 GMT )
Август 13, 2017 20:35 Asia/Dushanbe
  • Тавтеаи шикастхурдаи созмони ҷосусии Амрико дар Сурия

Як рӯзномаи амрикоӣ дар гузорише навишт, созмони иттилооти марказии ин кишвар (CIA), бузургтарин шикасти худро дар Сурия таҷруба кард.

Ба нақл аз рӯзномаи амрикоии Вашингтон Пост навишт, созмони иттилооти марказии ин кишвар (CIA), дар рӯйкарде нодуруст дар ҷиҳати муқобила бо низоми сиёсии Башшор Асад, раисҷумҳури машруъ ва мунтахаби Сурия ба ҳимоят аз террористҳо идома дод .

Дар ин гузориш омадааст, муваффақиятҳои давлату артиши Сурия ва шикасти террористҳо, нишондиҳандаи сиёсат ва иқдомоти нодурусти Кохи Сафед ва созмони ҷосусии Амрико дар Сурия аст .

Вашингтон Пост менависад, қудратҳои ғарбӣ, ки бояд аз соли 2001 бо терроризм ҷанг мекарданд, бо шайтанат ба кумаки ҳампаймонони минтақаии худ дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва сарпуш гузоштани иқдомоташон рӯй оварданд .

Ба навиштаи Вашингтон Пост, иқдомоти гурӯҳи террористии ДИИШ, ки дар Сурия фоҷеаи инсонӣ ба вуҷуд овард, натиҷаи сиёсатҳои ноогоҳона ва кӯтоҳмуддате буд, ки саудиҳо ва Вашингтон ҳомии аввали он буданд .